ҲАМОИШИ МАЪРИФАТӢ - ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАН-МОДАР ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО”

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 28 Феврал 2026

Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” ҳамоиши маърифатӣ - фарҳангӣ таҳти унвони «Зан – модар пайвандгари наслҳо» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ бонувони фаъоли пойтахт, аз ҷумла намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд. Зимни ҳамоиш нақши зан-модар дар тарбияи наслҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди ҷомеа таъкид карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор бонувони фаъол, аз ҷумла, муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева ва мудири шуъбаи кор бо занон Ҷамила Ғаффорова барои фаъолияти назаррас бо ифтихорнома қадрдонӣ гардонида шуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top