НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАТБИҚИ ФАРҲАНГИ САРИШТАКОРӢ

Бинанда: 30 | Санаи нашр: 02 Март 2026

         28-уми феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони МИҲД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Амонуллозода Раҳима ва омӯгорону донишҷӯдухтарони донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши занон дар татбиқи фарҳанги сарфакорӣ” баргузор гардид.

         Нахуст, роҳбари бахши кор бо донишҷӯдухтарони ДДТТ Ҷамила Ғафурова ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон-модаронро барои дар руҳияи илму донишомӯзӣ, азхудкунии касбу ҳунар, ахлоқу одоби ҳамида ва эҳтироми калонсолон тарбия намудани фарзандон, инчунин ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо хеле муҳим арзёбӣ менамоянд.

         Амонуллозода Раҳима зимни суханронӣ изҳори итминон карда қайд намуд, ки занон-модарон суннату анъанаҳои неку созандаи мардуми бостониамонро минбаъд низ идома дода, дар эҳёи расму ойин, таомҳо ва либосҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат, пешгирӣ намудани ҳисси бегонапарастӣ, ободии Ватан, оромии ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши арзанда ва муносиб мегузоранд.

         Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбари бахши кор бо донишҷӯдухтарони факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Мадина Муродова таъкид намуд, ки дар фарҳанги тоҷикӣ зан пеш аз ҳама модар ва тарбиятгари насл маҳсуб ёфта, нақши ӯ дар нигоҳдории арзишҳои миллӣ, ахлоқ ва суботи оила хеле муҳим аст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top