ВОХӮРИИ СУДМАНД

Бинанда: 22 | Санаи нашр: 04 Март 2026

4-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Сиддиқзода Абдуҷаббор Аъзам, муовини сардори ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсӣ, подполковники милитсия Тағойзода Ҷамшед, муовини сардори шуъбачаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсӣ, капитани милитсия Мирзозода Фируз иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз - пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, дуруст истифода бурдани сомонаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокии ҷавонон дар ҳифзу марзу буми кишвар ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top