РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 23 | Санаи нашр: 05 Март 2026

         5-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гирифтани таҳсилоти олӣ ва шиносоӣ бо равия, ихтисосҳо, заминаи моддию техникӣ ва шароити таълиму тарбия дар донишгоҳ “Рӯзи дарҳои кушода” баргузор гардид, ки дар он хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он иштирок намуданд.

         Нахуст, намояндагони донишгоҳ хатмкунандагонро пазироӣ намуда, ба онҳо маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, аз ҷумла рӯзномаи донишгоҳӣ, буклет ва дискҳои электрониро тақдим намуданд.

         Довталабон зимни шиносоӣ бо заминаи моддию техникии донишгоҳ, аз ҷумла синфхонаю озмоишгоҳҳои ба талаботи стандартҳои байналмилалии муосир ҷавобгӯ, марказҳои тестӣ, китобхонаи электронӣ, намоиши китобҳо, дастовардҳои илмию таҳқиқотӣ ва фарҳангию варзишӣ таассуроти фаромӯшношуданӣ бардоштанд.

         Дар ҷараёни чорабинӣ масъулин доир ба аҳаммияти таҳсилоти олии касбӣ, азхуд намудани илму маърифат, омӯхтани забонҳо, фаъолияти гуногунҷанбаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла шарту шароити таҳсил, заминаи мустаҳками моддию техникӣ ва имтиёзҳо барои донишҷӯён ҳарф зада, ба хатмкунандагон маълумоти муфассал доданд.

         Илова бар ин, котиби масъули комиссияи қабули донишгоҳ Баҳодур Дӯстматов доир ба низоми қабули хатмкунандагон тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2026 – 2027, мушкилоти интихоби ихтисосҳо ҳангоми бақайдгирӣ ва дигар масоили марбут ба қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ суханронӣ карда, хатмкунандагонро ба омӯзиши илму ҳунар, дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ даъват намуд. Мавсуф ба саволҳои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба хусусиятҳои қабул тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас дод.

         Баҳодур Дӯстматов инчунин ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо барои иштироки фаъолонаашон дар “Рӯзи дарҳои кушода” изҳори сипос намуд ва ба онҳо дар интихоби касб ва таҳсили ояндаашон барору комёбӣ орзу кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top