ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Бинанда: 47 | Санаи нашр: 06 Март 2026

Рӯзи 06.03.2026 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

         Ҷамъомади тантанавиро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар оғоз намуда, бонувону донишҷӯдухтаронро ба муносибати “Рӯзи модар” самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатии бардавом, оромию осудагӣ ва хушбахтӣ таманно намуд.

         Хайрулло Холназар дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки шуруъ аз соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 8-уми март ҳамчун “Рӯзи модар” бошукуҳ ҷашн гирифта мешавад.

         Ба туфайли ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа боло рафта, онҳо дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо бунёдкорию созандагӣ ва ташаббусҳои наҷибашон дар рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманд доранд.

         Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд: “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.

         Таъкид гардид, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон аз ҷониби давлату Ҳукумат, бахусус, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият торафт афзуда, занону бонувон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузошта истодаанд.

         Зан - Модар ягона фардест, ки қудрати инсонофарӣ дорад. Ба инсон ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ бузург мекунад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба инсон меомӯзонад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад ва ба ҳаёти мустақилона гусел мекунад. Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

         Воқеан, Модар сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорист, зеро ӯ меҳрубонтарин шахс барои ҳар як инсон ба шумор рафта, тамоми ҳастиашро ба фарзанди хеш мебахшад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бохирад модарро мисли ҷони худ дӯст медорад, азизу арҷманд мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

         Дар ҳақиқат модар олиҳаи зиндагӣ, офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, ҳидоятгари некиву накукорӣ, сарчашмаи сулҳу саодат, озодӣ ва суботи ҷовидона буда, арзандаи ҳамагуна эҳтирому арҷгузорист.

         Шоистаи таҳсину офаринанд модароне, ки фарзандони худро барои ҳимоя ва муҳофизати марзу бум ва нигоҳдории оромии сарзамини ватанамон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мефиристонанд ва ифтихору шукргузорӣ аз он мекунанд, ки фарзандонашон метавонад ин вазифаи муқаддаси хешро сарбаландона адо намоянд.

         Ректори донишгоҳ бо ифтихор қайд намуд, ки занону бонувони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо рафтори неку шоиста, андешаи солиму созанда, маҳорату кордонӣ ва фаъолияти назаррасашон дар пешрафт ва ободиву шукуфоии донишгоҳу кишвари маҳбубамон саҳми арзанда гузошта истодаанд. Маҳз меҳнати софдилона, эҷодкорию бунёдкорӣ, шуҷоату иродаи мустаҳками занону бонувони ғайратманд ҳаст, ки донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рӯз то рӯз мавқеи сазоворро соҳиб гардида истодааст.

         Боварӣ дорам, ки Шумо модарону бонувони азиз минбаъд низ бо меҳнати содиқонаю софдилона ва фаъолияти пурсамар дар рушди ҳамаҷонибаи донишгоҳамон саҳми арзишманд мегузоред, - гуфт дар хотимаи суханрониаш Хайрулло Холназар.

         Дар ҷамъомад як қатор бонувони омӯзгор, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳми арзанда гузошта, ба комёбиҳои назарраси таълимию илмӣ ноил гаштаанд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

         Барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ, ки аз суруду таронаҳои ба васфи модар бахшида шуда буданд, табъи аҳли толорро болида гардонида, анҷомбахши ҷамъомад гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top