ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ПРОФЕССОР НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БА ИФТИХОРИ “РӮЗИ МОДАР”

Бинанда: 51 | Санаи нашр: 07 Март 2026

Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!

 Шуруъ аз соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 8-уми март ҳамчун “Рӯзи модар” бошукуҳ ҷашн гирифта мешавад.

 Дар робита ба ин санаи фархунда, ҳамаи Шуморо аз номи раёсати донишгоҳ самимона табрику муборакбод мегӯям.

 Ба туфайли ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа боло рафта, онҳо дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо бунёдкорию созандагӣ ва ташаббусҳои наҷибашон дар рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманд доранд.

 Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд: “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.

 Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон аз ҷониби давлату Ҳукумат, бахусус, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият торафт афзуда, занону бонувони арҷманди мо дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузошта истодаанд.

 Зан - Модар ягона фардест, ки қудрати инсонофарӣ дорад. Ба инсон ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ бузург мекунад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба инсон меомӯзонад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад ва ба ҳаёти мустақилона гусел мекунад. Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

 Модар дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин шахс барои ҳар як инсон ба шумор рафта, тамоми ҳастиашро ба фарзанди хеш мебахшад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бохирад модарро мисли ҷони худ дӯст медорад, азизу арҷманд мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

 Дар ҳақиқат модар олиҳаи зиндагӣ, офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, ҳидоятгари некиву накӯкорӣ, сарчашмаи сулҳу саодат, озодӣ ва суботи ҷовидона буда, ба ин ҳама хираду бузургии модарону хоҳарон самимона арҷ мегузорем.

 Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд, зеро меҳрубонтарин шахсҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшандаанд.

 Шоёни таҳсину офаринанд, он модароне, ки фарзандони худро барои ҳимоя ва муҳофизати марзу бум ва нигоҳдории оромии сарзамини ватанамон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мефиристонанд ва ифтихору шукргузорӣ аз он мекунанд, ки фарзанди онҳо имрӯз метавонад, ин вазифаи муқаддаси хешро сарбаландона адо намояд.

 Боиси сарбаландист, ки занону бонувони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо рафтори неку шоиста, андешаи солиму созанда, маҳорату кордонӣ ва фаъолияти назаррасашон дар пешрафт ва ободиву шукуфоии донишгоҳу кишвари маҳбубамон саҳми арзанда доранд.

 Имрӯз бо хушҳолӣ ва қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки баҳри мусоидат ба раванди шукуфоии Ватан, Шумо – занону бонувони иззатманд низ ҳиссаи босазо гузошта истодаед. Маҳз меҳнати софдилона, эҷодкорию бунёдкорӣ, шуҷоату иродаи мустаҳками Шумо – занону бонувони ғайратманд ҳаст, ки донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рӯз то рӯз мавқеи сазоворро соҳиб гардида истодааст.

 Боварӣ дорам, ки Шумо модарону бонувони азиз, минбаъд низ бо меҳнати содиқонаю софдилона ва фаъолияти пурсамар дар рушди ҳамаҷонибаи донишгоҳамон саҳми арзишманд мегузоред.

 Бори дигар ҷашни Рӯзи модарро ба Шумо бонувону донишҷӯдухтарон муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, хушбахтӣ, оромию осудагӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top