ҲАФТАНОМАИ “ТОҶИР”-И ДДТТ БО СИПОСНОМАИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИД

Бинанда: 29 | Санаи нашр: 12 Март 2026

11-уми марти соли 2026 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 114-солагии матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, инчунин аҳли қалами кишвар иштирок намуданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ қайд гардид, ки Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизиону радио ва сомонаҳои иттилоотӣ ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таблиғотӣ дар муаррифии давлат ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мегузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ барои муваффақият ва комёбиҳои назаррас дар рушду нумӯи матбуот як қатор фаъолон ва собиқадорони соҳа бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Асадулло Саъдуллоев, Воҳид Асрорӣ ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, якчанд муассисаҳои нашриявии соҳа, аз ҷумла ҳафтаномаи “Тоҷир”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар, иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат, таблиғи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба ифтихори “Рӯзи матбуоти тоҷик” бо Сипосномаи  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top