ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ”

Бинанда: 27 | Санаи нашр: 12 Март 2026

12-уми марти соли 2026 бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои терроризм ва экстремизм” баргузор гардид.

Нахуст, дарси кушодро мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Фаррух Алиев оғоз намуда, дар мавзуи “Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои терроризм ва экстремизм тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърузаи пурмуҳтаво намуд.

Сипас, ассистенти кафедра Довуд Бобохониён дар мавзуи “Терроризм ҳамчун таҳдид ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top