13-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо омӯзгорону донишҷӯён бо усули “Факултет ба факултет” ва “Курс ба курс” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Гулзод Махкам Ҷумъа - муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Шарифзода Диловар - намояндаи шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Рустамзода Саёҳат - намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Файзиддинзода Шамсиддин - намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самиева Заррина – намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мақоми зан дар ҷомеа, фарҳанги либоси миллӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, тарзи ҳаёти солим ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, омӯзиши ғайриқонунии динӣ ва амсоли инҳо баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки имрӯз масъалаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар миёни насли ҷавон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Зеро ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи давлату миллат аз сатҳи дониш, маърифат, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии онҳо вобастагии калон дорад.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона гардидааст, ки барои таҳсил, кору фаъолият, рушди зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва онҳо бояд ҳамчун шаҳрвандони фаъолу бомасъулият дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. Дар ин самт, тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дорад.
Гуфта шуд, ки барои амалӣ намудани ин мақсад, нақшаи муштараки баргузории силсилаи вохӯриҳои сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.
Ватандӯстӣ яке аз сифатҳои муҳими инсон буда, дар замони муосир он на танҳо дар сухан, балки дар рафтору кирдор, муносибат ба ҷомеа, эҳтиром ба қонун ва масъулиятшиносӣ зоҳир мегардад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ҳифзи суботу амнияти давлат, ободии Ватан ва рушди ҷомеа аз ҳар яки онҳо вобаста мебошад.
Дар ДДТТ ҷиҳати татбиқи сиёсати ҷавонон мунтазам чорабиниҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва озмуну маҳфилҳои маърифатӣ баргузор мегарданд, ки ҳамаи ин ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд.
Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ҷавононро дар руҳияи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи қонунҳо, фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия намоем. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем насли босавод, соҳибмаърифат ва ватандӯстро ба камол расонем, ки барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид карда шуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии онҳо вазифаи умумии тамоми ҷомеа буда, ҳамкории оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа дар ин самт аҳамияти ҳалкунанда дорад.







Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 