ДАРСИ МАҶОЗӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ

Бинанда: 17 | Санаи нашр: 14 Март 2026

13-уми марти соли 2026 бо даъвати кафедраи логистикаи Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Саидова Мунавар Ҳамидовна барои донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнес, ки аз рӯи ихтисоси «Логистика»-и барномаи бакалавриат таҳсил мекунанд, дарси маҷозӣ дар мавзӯи “Нақши нақлиёт дар татбиқи логистикаи занҷираи таҳвил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд.

Дар ҷараёни машғулият донишҷӯён бо хусусиятҳои рушди низоми нақлиётӣ-логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои рушди логистикаи муосир ва инчунин бо шарикони стратегии ҷумҳурӣ дар соҳаи рушди логистика шинос гардиданд. Ба дарси маҷозии профессор Саидова М.Ҳ. донишҷӯёни Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба саволҳои зиёди хеш ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Дар назар дошта шудааст, ки минбаъд низ бо ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия силсилаи лексияю семинарҳо барои донишҷӯёни ҳарду донишгоҳ гузаронида мешаванд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top