АКСИЯИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ»

Бинанда: 43 | Санаи нашр: 17 Март 2026

17-уми марти соли 2026 бо ибтикори бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аксияи тарғиби либоси миллӣ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” доир гардид.

Ин ташаббус бори дигар далел бар он аст, ки занону донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар амал пайрави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, расму оин, фарҳанги миллати куҳанбунёд - тоҷиконро ҳамчун ифтихори ватандорию худшиносӣ пос медоранду муқаддас мешуморанд.

Тавре, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

Дар робита ба масъалаи мазкур, ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ зарур меояд, ки зимни баргузории машғулиятҳои таълимию тарбиявӣ, ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, одоби пӯшидани либос ва риояи меъёри муқарраргардидаи либоспӯшии донишҷӯён аҳаммияти ҷиддӣ дода, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшем, ҳамчунин, дар замири онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем, зеро либос яке аз рукнҳои муҳим ва ифодагари тамаддуни пешрафтаи халқи тоҷик мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top