ТАМАННИЁТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ПРОФЕССОР НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 20 Март 2026

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, хонаободӣ ва дар кору фаъолиятатон муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашнест, ки аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист.

Наврӯз, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, бузургтарин ҷашни миллии мардумамон ба ҳисоб рафта, ниёгони мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил намуда, бо чеҳраи шоду дили пур аз фараҳ истиқбол мегиранд. Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошад.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар бобати ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи оламафрӯз нақши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят калон аст.

 Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (санаи 16.12.2025) чунин иброз доштанд: “Ман дар чандин суханрониҳои худ гуфтаам, Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робита надорад, ҷашни бузургдошти табиат ва инсон аст ва таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.”

Мардуми тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳои ҷашнии онро то замони мо бегазанд расонидаанд.

Дар ин рӯзҳои баҳорӣ ҳар як нафари оила бо дили гарму табъи болида, бо орзую умеди нек ба тозаю обод намудани кӯчаю раста, ҳавлию кошонаи хеш, бо ба бар намудани сару либоси озодаю нав бо чеҳраи кушода ва хурсандӣ Наврӯзро пешвоз гирифта, бо фарорасии ин ҷашни фархундаю фасли сол - баҳор якдигарро шодбош мегӯянд.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар кишвари маҳбубамон–Тоҷикистони биҳиштосо ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи дилафрӯз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, оғози сарсабзию хуррамӣ, айёми киштукори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

 Маврид ба зикр аст, ки ҷашни Наврӯз бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуд, бо хусусиятҳои хоси худ, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, дар олам машҳур гардидааст. Алҳол Наврӯзро кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

 Бояд гуфт, ки далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.

Омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз, бовар дорам, ки ҳар яки Шумо чун тамоми мардуми сарбаланди кишвар, ки бо дилу нияти пок ва шукргузорӣ аз давлати ободу озоди худ содиқона меҳнат намуда, баҳри ободию шукуфоии ватани маҳбубамон камари ҳиммат мебанданд, дар омода кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзишманди хешро мегузоред.

Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо ба ин ҷашни фархунда муборакбод гуфта, таманнои онро дорам, ки Наврӯзи хуҷастапай бо қудуми некаш ба аҳли хонадон ва пайвандони шумо файзу баракат, хонаободӣ ва шодию нишот биёрад.

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,

Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад.

Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,

Чашми фархундаю фирӯз муборак бошад!

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top