СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДОИР БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Бинанда: 40 | Санаи нашр: 02 Апрел 2026

1-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳадафҳои Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҳифзи пиряхҳо ва даҳсолаи илмҳои криосфера семинари омӯзиширо бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор намуданд.

Мақсади чорабинии мазкур амалӣ намудани ташаббусҳои ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тағйирбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ дар байни донишҷӯён озмун оид ба ҳифзи пиряхҳо гузаронида шуда, ғолибон муайян карда шуданд. Ҳамзамон, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотирмони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top