ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Бинанда: 39 | Санаи нашр: 03 Апрел 2026

2-юми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври якум – даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Технологияҳои иттилоотӣ» миёни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

 Дар озмун донишҷӯёни фаъолу лаёқатманд ширкат варзида, донишу малакаи худро аз рӯи самтҳои гуногуни технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла барномасозӣ, истифодаи барномаҳои компютерӣ, технологияҳои рақамӣ ва кор бо иттилоот нишон доданд.

 Озмун таҳти роҳбарӣ ва назорати мудири кафедраи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Шамсов Ф.Т. ва омӯзгор Азимов М.С. дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

 Озмун дар муҳити солими рақобатӣ сурат гирифта, иштирокчиён донишу маҳорат ва касбияти баланд нишон дода, ғолибони он аз ҷониби ҳакамон муайян карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top