4-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи нақшаи семинари доимамалкунандаи кафедраи молия, фаъолияти бонкӣ ва суғурта вохӯрии намояндагони ҶСК “Бонки Эсхата” бо донишҷӯёни ихтисосҳои молия ва кори бонкӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъалаҳои тақвияти маърифати молиявӣ, рушди хизматрасониҳои рақамии бонкӣ ва таҳкими захираҳои бонкӣ дар заминаи ҷалби пасандозҳои аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан, дар доираи масоили баррасишуда табодули андеша миёни донишҷӯён ва кормандони ҶСК “Бонки Эсхата” сурат гирифт.


Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 