КУРСИ КӮТОҲМУДДАТИ “ТАРРОҲ - ДӮЗАНДА”

Бинанда: 16 | Санаи нашр: 13 Апрел 2026

Бо мақсади дастгирии бонувон ва донишҷӯдухтарон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон силсилакурсҳои ройгони тарроҳ – дӯзанда ба роҳ монда шуд.

Курси мазкур дар асоси барнома ва нақшаи таълимии касби тарроҳ – дӯзанда роҳандозӣ гардида, кормандон ва донишҷӯдухтарон метавонанд нозукиҳои касбро аз худ намуда, соҳиби сертификат шаванд.

Ҳадафи ташкили курс амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи шуғл ва ба ин васила ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкасб гардонидани бонувону донишҷӯдухтарон мебошад.

Шунавандагони курси таълимӣ тибқи барнома бо сохти дастгоҳи дӯзандагӣ, қоидаҳои истифода ва бехатарӣ, гирифтани андоза ва ҳисоб, дуруст буридани матоъ, дӯхтани либосҳои занонаю мардона, омӯзиши намунаҳо ва ороишу дизайн шинос гардида, тавассути мутахассисони варзида соҳибкасб мешаванд.

 

Маркази инноватсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top