НАҚШИ ЗАН ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ СОЛИМ АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

Бинанда: 20 | Санаи нашр: 17 Апрел 2026

17-уми апрели соли 2026 дар толори ҳамоишгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳисориева Гулнора Тоировна мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши зан дар ташаккули ҷомеаи солим аз нигоҳи ислом” баргузор гардид.

 Дар чорабинӣ кормандони шуъбаи тарбия ва ҷавонон, омӯзгорону донишҷӯёни факултети молия ва қарз иштирок намуданд.

 Дар рафти мизи мудаввар муаллимони калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ – Каримова Зарафшон Ҳафизовна дар мавзуи “Мақому манзалати зан аз дидгоҳи ислом” ва Сониева Шаҳло Мисралиевна дар мавзуи “Зан тарбиятгари башар” маърузаҳои пурмазмун ва дорои аҳамияти тарбиявӣ намуданд.

 Зимни суханрониҳо нақш ва мақоми баланди зан дар ҷомеа аз нигоҳи дини ислом аз дидгоҳи илмӣ таҳлил гардида, ҷанбаҳои муҳими тарбиявию ахлоқии он шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

 Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани маърифати ҷавонон, эҳтиром ба зан – модар ва таҳкими арзишҳои миллӣ ва маънавӣ саҳми назаррас мегузорад.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top