20-уми апрели соли 2026 дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ конференсияи илмию назариявии омӯзгорон (бахши “Иқтисодиёти ҷаҳон”) бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” баргузор гардид.
Кори бахши “Иқтисодиёти ҷаҳон”-ро мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Рустамзода Фитрат Музаффар оғоз намуда, қайд намуд, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил карда мешавад. Кафедра бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи илми тоҷик гузаронидани конференсияи илмию назариявии омӯзгорон, озмуну маҳфилҳо, дарсҳои кушод ва дигар чорабиниҳои илмиро ба нақша гирифтааст.
Мавсуф нақши илмро дар рушди иқтисоди миллӣ ва шукуфоии ватани маҳбубамон муҳим арзёбӣ намуда, суханро ба декани факултети факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук, дотсент Ҷовидон Сафаров во гузошт.
Декани факултет Ҷовидон Сафаров иштирокчиёни конференсияро табрику таҳният гуфта, доир ба нақш ва саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи илми ватанӣ суханронӣ намуд.
Сипас, дар идомаи кори бахш профессор Дустбоев Ш., дотсентон Назруллозода М.Н., Амонатзода М.А., Ҳомидов А.Н. ва омӯзгорон Давлатов Н.С., Сафаров У.Ш., Қурбонова И.Н. ва Иброҳимзода Г.Х. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.










Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 