КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ОМӮЗГОРОН

Бинанда: 15 | Санаи нашр: 21 Апрел 2026

         20-уми апрели соли 2026 дар доираи “Ҳафтаи илм” конференсияи илмию назариявии омӯзгорон дар бахши “Андоз ва андозбандӣ” бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” баргузор гардид.

         Нахуст, кори бахши “Андоз ва андозбандӣ”-ро мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, дотсент Субҳонқулов И.А. оғоз намуда, қайд намуд, ки ҳамасола дар донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конференсияи илмию назариявии омӯзгорон гузаронида мешавад, ки он барои муаррифӣ ва оммавигардонии дастовардҳои илмии омӯзгорон, дастгирии олимони ҷавон, ташаккули муҳити илмию инноватсионӣ, табодули таҷриба ва густариши ҳамкориҳои илмӣ мусоидат менамояд.

         Дар идомаи конференсия муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, н.и.и., дотсент Қурбонов А.Р. сухани шодбошӣ гуфта, иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва ҷалби ҳарчи бештари омӯзгорони ҷавон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мусоидат менамояд.

         Сипас, дар идомаи кори бахш, д.и.и. Зубайдов С.З., дотсентон Қурбонов А.Р., Субҳонқулов И.А., Раҷабов К.Р., Гафарзода М.Т., Ҳамидова С.Ҳ., Тураева М.Т. ва омӯзгорон Махсумзода Н.Д., Маҳмаризозода Б.М., Давлатов Э.М. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.

         Зимни маърӯзаҳо масъалаҳои мубрами соҳаи андоз ва андозбандӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда. пешниҳоду тавсияҳои муфид ироа гардиданд, ки барои рушди минбаъдаи соҳа, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва такмили раванди таълим заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top