21-уми апрели соли 2026 кафедраи фаъолияти гумрукӣ дар доираи “Ҳафтаи илм” конференсияи илмию назариявии омӯзгоронро бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор намуд.
Кори бахши “Фаъолияти гумруки”-ро мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Ғаюрӣ Раъно Саидмурод оғоз намуда, қайд намуд, ки кафедра бахшида Рӯзи илми тоҷик баргузории конференсияи илмию назариявии омӯзгорон, озмуну маҳфилҳо, дарсҳои кушод, мастер-классҳо ва дигар чорабиниҳои илмиро ба нақша гирифтааст.
Мудири кафедра Ғаюрӣ Раъно Саидмурод нақши илмро дар рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола таъкид карданд ки: “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Дар идомаи кори бахш профессорон Раҷабов Р.К., Нидоев Н.Ф., Раҷабзода Н.Р., дотсентон Нидоев П.Ф., Алиев М.Б., омӯзгорон Назарбекова Н.А. ва Ашурова М.Т. маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.







Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 