БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ОМӮЗГОРОН

Бинанда: 18 | Санаи нашр: 21 Апрел 2026

21-уми апрели соли 2026 дар доираи “Ҳафтаи илм” конференсияи илмию назариявии омӯзгорон дар бахши “Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит” бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” баргузор гардид.

 Нахуст, кори бахши “Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит”-ро мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Раҷабзода Олимхон оғоз намуда, қайд намуд, ки ҳамасола дар донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конференсияи илмию назариявии омӯзгорон гузаронида мешавад, ки он барои муаррифӣ ва оммавигардонии дастовардҳои илмии омӯзгорон, дастгирии олимони ҷавон, ташаккули муҳити илмию инноватсионӣ ва табодули таҷриба мусоидат менамояд.

 Сипас, сардори раёсати илм Султонов Зоиршо сухани шодбошӣ гуфта, ба иштирокчиёни конференсия муваффақият таманно намуд.

 Дар идомаи кори бахш дотсентон Мирзоалиев А.А., Зарипов Э.Ш., Раҷабзода О.Ҷ., Бобоев Ш.Н., Исмоилзода Ф.М., Субҳонқулов И.А., омӯзгорон Каримзода М.И., Ҳалимов П.А., Мирзоалиев Ё.А., Сафарав Т.Н., Дилрабои Э. ва Қурбонов М. маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

 Зимни маърӯзаҳо масъалаҳои мубрами соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит мавриди баррасӣ қарор дода шуда. пешниҳоду тавсияҳои муфид ироа гардиданд, ки барои рушди минбаъдаи соҳа, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва такмили раванди таълим заминаи мусоид фароҳам меоранд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top