Дар доираи “Ҳафтаи илм” санаи 21-уми апрели соли 2026 кафедраи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёти ДДТТ Конференсияи илмию назариявии омӯзгоронро баргузор намуд.
Конференсия ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту тақвими худшиносиву худогоҳии миллӣ бахшида шуда, дар он омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар конференсия омӯзгорони зерини кафедра маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд:
- Салимов Н.С. дар мавзуи “Фриланс ҳамчун меъёри нав ва таъсири он ба устувории иқтисодӣ”;
- Азимбоев А. дар мавзуи “Пайдоиш ва рушди иқтисоди рақамӣ”;
- Насруллоева М. дар мавзуи “Афзалиятҳои шабакаҳои нейронӣ”;
- Қурбонова С.А. дар мавзуи “Таҳия ва сохтани рунамо дар барномаи Gamma”;
- Шарифова Ҷ.Н. дар мавзуи “Тиҷорати электронӣ ва бартариҳои он”;
- Азимов М.Қ. дар мавзуи “Нақши зеҳни сунъӣ дар баланд бардоштани самаранокии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”;
- Боғиев Н. дар мавзуи “Таҳияи лоиҳаҳои рақамӣ”;
- Гулов Н.С. дар мавзуи “Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир”;
- Давлатова З.М. дар мавзуи “Ҷиҳатҳои мусбат ва манфии шабакаҳои компютерӣ”;
- Муродова Р.С. дар мавзуи “Сохтани пойгоҳи додаҳо дар барномаи Access”.





Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 