САБАБУ ОМИЛҲОИ ДИНГАРОӢ ВА ДИНСИТЕЗӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

Бинанда: 26 | Санаи нашр: 22 Апрел 2026

22-юми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию динӣ, пешгирии ифротгароӣ ва тарбияи ҳисси таҳаммулпазирӣ, мизи мудаввар дар мавзуи “Сабабу омилҳои дингароӣ ва динситезӣ миёни ҷавонон” баргузор гардид.

 Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф. Ҳоҷимирзода Муслиҳиддин, муовини ректор оид ба тарбия, н.и.и. Ҳисориева Г.Т., сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ, н.и.и. Ҳабибова С.С. омӯзгорон, кормандони шуъбаи тарбия ва донишҷӯён иштирок намуданд.

 Дар рафти мизи мудаввар масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

• сабабҳои гароиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои тундрав;

• омилҳои пайдоиши динситезӣ ва таҳаммулнопазирӣ;

• нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи дурусти ҷавонон;

• роҳҳои пешгирии таъсири идеологияҳои бегона.

 Намояндаи Кумита доир ба сиёсати давлатӣ дар самти танзими соҳаи дин, риояи қонунгузорӣ ва пешгирии ифротгароӣ суханронӣ намуда, ба иштирокчиён тавсияҳои муфид пешниҳод кард.

 Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён оид ба тақвияти корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ибрози назар намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top