КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ОМӮЗГОРОН

Бинанда: 28 | Санаи нашр: 22 Апрел 2026

22-юми апрели соли 2026 дар доираи “Ҳафтаи илм” конференсияи илмию назариявии омӯзгорони кафедраи молия, фаъолияти бонкӣ ва суғурта (бахши молия) бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ бо иштироки омӯзгорон, муҳаққиқон ва магистрон доир гардид.

 Нахуст, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети молия ва қарз Муқаддам Тураева кори конференсияро ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо Рӯзи илми тоҷик табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рақамикунонии низоми хизматрасониҳои молиявӣ солҳои соҳибистиқлолии кишвар рушд карда, ба омили муҳимми инкишофи иқтисодиёти миллӣ табдил ёфтааст.

 Сипас, мудири кафедра дотсент Баҳодур Дустматов дар мавзуи «Масъалаҳои татбиқи барномаи давлатии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави иқтисоди инноватсионӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ба роҳ монда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

 Дар идомаи кори конференсия дотсент Абдуллозода Азаматулло Бобоҷон дар мавзуи “Такмили рушди хизматрасониҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шароити иқтисодиёти инноватсионӣ”, дотсент Холаҳмади Сайалӣ дар мавзуи “Баҳодиҳӣ ва ҳолати воқеии ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар”, муаллими калон Раҳматова Кибриё Негматовна дар мавзуи “Бозори байналхалқии вомбаргҳо”, муаллими калон Олифтаева Моҳру Абдулниёзовна дар мавзуи “Роль санитарно-оздоровительных услуг в экономике страны”, муаллими калон Наботзода Парниён Ҷумахон дар мавзуи “Самтҳои дастгирии давлатии ШДБХ: масъалаҳо ва заминаҳои институтсионалӣ”, ассистент Ашурова Насиба дар мавзуи “Тамоюли муосири рушди муносибатҳои қарзӣ дар фаъолияти бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

 Дар ҷамъбасти кори конференсия дотсентон Муқаддам Тураева, Зоир Султонов, Баҳодур Дустматов дар музокира иштирок намуда, иброз доштанд, ки таҷрибаи давлатҳои пешрафта, истифодаи технологияи муосири инноватсионӣ бозгӯи он аст, ки инкишофи раванди рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top