22-юми апрели соли 2026 дар кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Конференсияи илмию назариявии омӯзгорон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия профессори Донишгоҳи миллии Евразия ба номи Л.Н. Гумилёви Ҷумҳурии Қазоқистон Байгабулова Куляш Касымжановна, дотсенти Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагын Насырова Батима Боколовна, муовини декани факултети молия ва қарз оид ба илм ва инноватсия Муқаддам Тураева, омӯзгорон ва муҳаққиқони кафедра иштирок намуданд.
Нахуст, Муқаддам Тураева кори конференсияро ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо Рӯзи илми тоҷик табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ рушд карда, ба омили муҳимми инкишофи иқтисодиёти миллӣ табдил ёфт.
Сипас, дотсенти Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагын Насырова Батима Боколовна, профессори Донишгоҳи миллии Евразия ба номи Л.Н. Гумилёви Ҷумҳурии Қазоқистон Байгабулова Куляш Касымжановна ва омӯзгорони кафедра доир ба масъалаҳои мубрами менеҷмент, маркетинг, тиҷорат, сайёҳат, меҳмонхонадорӣ, молшиносӣ ва экспертизаи молҳо маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар ҷамъбасти кори конференсия дотсентон Муқаддам Тураева, Сарвиноз Урунова, Абдураҳмони Ҳакимзод дар музокира иштирок намуда, доир ба маърӯзаҳои баррасишуда фикру андешаҳои худро баён намуданд.











Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 