КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ БАХШИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бинанда: 8 | Санаи нашр: 23 Апрел 2026

Санаи 23-юми апрели соли 2026 дар доираи “Ҳафтаи илм” кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Конференсияи илмию назариявии донишҷӯёнро бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор намуд

Нахуст, конференсияро мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Рустамзода Фитрат Музаффар оғоз намуда, иштирокчиёнро бо оғози конференсияи илмию назариявии донишҷӯён табрику таҳният гуфт.

Сипас, дар ҷараёни конференсия донишҷӯён доир ба масъалаҳои мубрами иқтисодиёти ҷаҳон, тиҷорати байналмилалӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маърӯзаҳои илмӣ  намуданд.

Дар фарҷоми конференсия саволу ҷавоб ва музокираи илмӣ сурат гирифта, маърӯзаҳои беҳтарин муайян карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top