БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ДАР БАХШИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ

Бинанда: 19 | Санаи нашр: 24 Апрел 2026

         23-юми апрели соли 2026 кафедраи фанҳои гуманитарии факултети молия ва қарз Конференсияи илмӣ-назариявии донишҷӯёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ баргузор намуд.

         Дар кори конференсия декани факултети молия ва қарз Кабутзода Қ.М., муовини декан оид ба илм ва инноватсия Муқаддам Тураева, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

         Кори конференсияро мудири кафедра Ҷаъфар Неъмонов ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки ки ҳамасола моҳи апрел дар донишгоҳ конференсияи илмию назариявии донишҷӯён баргузор мегардад, ки дар он донишҷӯён натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии худро муаррифӣ менамоянд.

         Дар ҷараёни конференсия донишҷӯён тариқи рӯнамо доир ба масъалаҳои мубрами худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

         Дар фарҷоми конференсия саволу ҷавоб ва музокира байни иштирокчиён сурат гирифта, маърӯзаҳои беҳтарин муайян карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top