Дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи кор бо донишҷӯдухтарон ва омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона пайваста ҳар рӯзи панҷшанбе дарсҳои амалии маҳфили “Кадбону” баргузор мегарданд.
Ҳадафи асосии ин ташаббус баланд бардоштани маърифати рӯзгордорӣ, тарбияи фарҳанги хонаводагӣ ва омода намудани донишҷӯдухтарон ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Дар робита ба ин, 23-юми апрели соли 2026 маҳфили навбатии “Кадбону” бо роҳбарии занони соҳибтаҷриба — мудири кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Сарвиноз Урунова ва сармутахассиси раёсати тарбия Сабоҳат Ҳабибова баргузор гардид.
Дар ҷараёни дарс ба донишҷӯдухтарон тарзи омода намудани хӯрокҳои миллии рамзи фасли баҳор — хӯроки сиёҳалаф ва самбӯсаи алафии “бичак”, ки аз алафҳои шифобахши табиӣ омода карда мешаванд, ба таври амалӣ нишон дода шуд.
Омӯзгорон ба донишҷӯён оид ба хусусиятҳои шифобахши алафҳои баҳорӣ, технологияи омода намудани ин навъи хӯрокҳои миллӣ, қоидаҳои ороиши дастархон, тарзи пешниҳоди таомҳо дар рӯйи дастархон ва рӯйи миз маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Чунин дарсҳои амалӣ барои баланд бардоштани фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва рушди малакаҳои зиндагии мустақилона дар байни донишҷӯдухтарон аҳаммияти муҳим доранд.
Раёсати донишгоҳ минбаъд низ баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявию омӯзиширо идома дода, барои ташаккули шахсияти комил ва соҳибмаърифат гардидани донишҷӯён тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.





Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 