КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ КАФЕДРАИ МЕНЕҶМЕНТ, МАРКЕТИНГ ВА ИҚТИСОДИЁТИ МЕҲНАТ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 27 Апрел 2026

         25-уми апрели соли 2026 дар кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Конференсияи илмию назариявии донишҷӯён бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” баргузор гардид.

         Чорабиниро мудири кафедра Сарвиноз Урунова оғоз намуда, иброз дошт, ки дар доираи “Ҳафтаи илм” ба конференсияи илмию назариявӣ аз ҷониби донишҷӯён маърӯзаҳои пурмазмун барои баррасӣ пешниҳод шудаанд.

         Сипас, дар ҷараёни конференсия тариқи рӯнамо донишҷӯён доир ба масъалаҳои мубрами менеҷмент, маркетинг, фаъолияти тиҷоратӣ, молшиносӣ, сайёҳат ва меҳмонхонадорӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

         Дар фарҷоми конференсия саволу ҷавоб ва музокира байни иштирокчиён сурат гирифт ва ҳамзамон маърӯзаҳои беҳтарини донишҷӯён муайян карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top