ПЕШДИФОИ РИСОЛАҲОИ ХАТМИ ДОНИШҶӮЁНИ САМТИ ҲУҚУҚ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 30 Апрел 2026

29-уми апрели соли 2026 дар назди кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пешдифои рисолаҳои хатми донишҷӯёни самти ҳуқуқ баргузор гардид.

Пешдифоъ бо иштироки сардори раёсати таълим дотсент Зафар Маҳмадуллоев, намояндаи шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим дотсент Мардонқул Раҳмонқулов, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук дотсент Ҷовидон Сафаров, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ дотсент Фаррух Алиев ва роҳбарони илмии хатмкунандагон доир гашт.

Хатмкунандагон зимни дифои рисолаҳои хатм мазмуну муҳтавои рисолаҳои худро шарҳ дода, аҳаммияти амалии мавзуъҳои таҳқиқшавандаро иброз намуда, корҳои илмӣ-таҳқиқотиро муаррифӣ карда, ба саволҳои аъзои комиссия ҷавобҳои мушаххасу асоснок доданд.

Мавзуъҳои пешниҳодшуда масъалаҳои муҳимми ҳуқуқи тиҷоратӣ, танзими муносибатҳои иқтисодӣ, роҳҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ, такмили қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, масъулияти ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро дар бар мегирифтанд.

Аъзои комиссия ба сифати таҳияи рисолаҳои хатм, сатҳи дониши назариявӣ ва қобилияти таҳлилии донишҷӯён баҳои воқеъбинона дода, ҳамзамон ҷиҳати такмили муҳтавои рисолаҳо, ислоҳи камбудиҳои  ҷойдошта ва омодагии ҷиддӣ ба ҳимояи ниҳоии рисолаҳои хатм тавсияҳои муфид доданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top