1-уми майи соли 2026 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд дар шаҳри Душанбе фестивали “Саводнокии молиявӣ” гузаронида шуд, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, муаррифии хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мебошад.
Қисмати якуми фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар толори Муассисаи давлатии "Мактаби бачагонаи санъати ба номи Одина Ҳошим" ифтитоҳ гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ яке аз омилҳои калидии рушди низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти устувори он ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба низоми молиявӣ мебошад.
Зикр гардид, ки аз соли 2022 то имрӯз дар 31 шаҳру ноҳияи кишвар бо фарогирии зиёда аз 72 ҳазор нафар фестивалҳои «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шудааст. Дар баробари ин, аз соли 2023 то имрӯз аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар саросари кишвар зиёда аз 5,6 ҳазор чорабиниҳои маърифатӣ бо иштироки беш аз 330 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, кормандони корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ доир гардидааст.
Илова бар ин, платформаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла сомонаи fingram.tj ва саҳифаҳои махсус дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол гардида, барои баланд бардоштани дониши молиявии аҳолӣ мунтазам маводи омӯзишӣ пешниҳод карда мешавад. Рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва вусъат ёфтани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар низ ба баланд гардидани фарҳанги молиявии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода зимни суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба зарурати омӯзиши дониши молиявӣ ва аҳаммияти маърифати молиявӣ дар замони муосир ҷалб намуд. Қайд гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои омӯзиши таҷриба, табодули андеша, шиносоӣ бо маҳсулоти нави молиявӣ ва тақвияти маърифати молиявӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар идомаи ҳамоиш муовини раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Рукмина Сафарзода, сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иқбол Бобоев, сардори Блоки тиҷорати корпоративии ҶСК “Бонки Эсхата” Умарҷон Умаров ва сардори шуъбаи бозрасии департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Беҳруз Изатуллоев дар мавзуҳои “Дастрасӣ ба қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо”, “Дастгирии давлатии рушди соҳибкории занон”, “Қарзҳои сабз” ва “Пешгирии амалҳои қаллобӣ” бо рунамоҳо суханронӣ намуданд.
Дар доираи барномаи фестивали “Саводнокии молиявӣ” инчунин маросими ҷоизасупории озмуни «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор» баргузор гардид. Зикр шуд, ки озмуни мазкур ба дастгирии соҳибкории занон, тарғиби хизматрасониҳои молиявӣ байни субъектҳои хоҷагидор, аҳолӣ ва махсусан бонувони соҳибкор, беҳтар намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ мусоидат мекунад.
Дар озмуни мазкур ҶСП “Бонки "Aрванд" сазовори ҷойи якум, ҶДММ ТАҚХ “ФИНКА” ҷойи дуюм, КВД БССТ "Саноатсодиротбонк" ва ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ҷойи 3 гардиданд. Ҳамзамон, ба КВД ҶТ “Амонатбонк”, ҶСП Бонки “Имон Интернешнл”, ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСП “Ҳумо Бонк” барои иштироки фаъолона бо ифтихорнома ва бонувони соҳибкори муваффақ Султонова Муқаддас, Шерматова Наргис, Нигина Икромӣ, Мадалиева Истамой ва Наврузова Гулбону бо туҳфаҳои хотиравии Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Қисмати дуюми фестивал дар боғи «Куруши Кабир» давоми рӯз бо намоиш ва ярмаркаи хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ идома ёфта, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба иштирокдорони фестивал молу маҳсулоту хизматрасониҳои худро муаррифӣ намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии фестивал викторинаҳои молиявӣ гузаронида шуда, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ бо иштироки сарояндаҳои шинохтаи санъати тоҷик чорабиниро хотирмон гардониданд.







Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 