МИЗИ МУДАВВАР

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 02 Май 2026

1-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва динӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷомеа мизи мудаввар дар мавзуи “Мавқеи дин дар пешгирии экстремизм ва радикализм миёни ҷавонон” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳ Қодирӣ ва мутахассиси шуъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломӣ Санавбар Шарифова иштирок доштанд.

Зимни баргузории мизи мудаввар қайд карда шуд, ки дини мубини ислом мардумро ба сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ даъват менамояд. Таъкид гардид, ки ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ба арзишҳои воқеии динӣ мухолиф буда, боиси нооромӣ ва халалдор гардидани амнияти ҷомеа мегардад.

Мутахассисон оид ба сабабҳои пайдоиши ифротгароӣ, роҳҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ андешаронӣ намуданд. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим дошта, метавонанд дар пешгирии ҳар гуна андешаҳои ифротӣ мусоидат намоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гир

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top