ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 02 Май 2026

Субҳи 2-юми майи соли 2026 бо мақсади тозаву озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, гирди атрофи биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, шафати роҳҳои мошингард, боғу гулгаштҳо ва соҳили дарёи Душанбе бо иштироки кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуд.

Шанбегӣ таҳти шиорҳои “Ин ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем”, “Созандаву бунёдкорӣ-мароми мо ҷавонон”, “Мо ҷавонон бо гузаштаи худ эҳтиром мегузорем” баргузор гардида, қабати шоҳроҳи Душанбе - Бохтар ва соҳили дарёи Душанбе аз партовҳо тоза карда шуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top