Рӯзи 1-уми майи соли 2026 бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он 150 нафар донишҷӯ аз 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии гузаронидани озмуни мазкур баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малака ва салоҳиятнокии мутахассисони ояндаи соҳаи андоз ва дарёфти мутахассисони лаёқатманд буда, баргузории чунин озмун ҳамбастагии назария бо амалияро мустаҳкам менамояд.
Ғолибони озмун аз рӯи ду номинатсия - «Даставӣ-амалӣ» ва «Даставӣ-назариявӣ» муайян карда шуданд.
Дар номинатсияи «Даставӣ-амалӣ» ҷойи якум насиби дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюм - Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷойи сеюм - дастаҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид.
Дар номинатсияи «Даставӣ-назариявӣ» ҷойи якумро дастаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷойи дуюмро дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюмро дастаҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ишғол намуданд.
Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ (мутаносибан 5 ҳазор, 3 ҳазор ва 1500 сомонӣ), симкортҳои тиллоӣ, нуқрагин ва биринҷии ширкатҳои мобилӣ, инчунин Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуданд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 