8-уми майи соли 2026 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузургии Ватании солҳои 1941 – 1945 бо иштироки доираи васеи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст, муовини якум, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Қурбонов Абдукарим Раҳимович омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро бо 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми олмон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, рӯзгори хушу босаодат ва дар фаъолияти меҳнатиашон барору комёбӣ ва дастовардҳои беназир таманно намуд.
Зимни суханронӣ Абдукарим Қурбонов иброз дошт, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг - Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба ҳисоб рафта, ғалаба дар ин ҷанги хонумонсӯз барои тамоми мардуми олам, аз ҷумла мо - тоҷикистониён бузургтарин ғалабаи некӣ бар бадӣ дониста мешавад. Аз ин рӯ, ҳар қадар, ки аз ин ҳодисаи мудҳиш солҳои зиёд сипарӣ шавад, бузургӣ ва шаҳомати он ҳамон қадар зиёд мегардад.
Олмони фашистӣ 22-юми июни соли 1941 бо қувваи хеле зиёди афсару сарбоз ва аслиҳа бе эълони ҷанг, аҳдшиканона ба сарзамини Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум кард. Фашистони немис мехостанд, ки дар муддати ду моҳ қӯшунҳои Шуравиро шикаст дода, сарзамин ва мардуми онро зери итоати худ қарор диҳанд, вале сидқан дӯст доштани Ватан, қадру арзиши зиёд доштани сулҳу субот, муттаҳидӣ, дӯстию бародарӣ ва ҳамдилию ҳамзистии халқияту миллатҳои давлати Шуравӣ нияти нопоки онҳоро барбод дод.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки 1-уми сентябри соли 1939 сар шуда, 2-юми сентябри соли 1945 ба охир расид, 72 давлати ҷаҳон иштирок намуда, амалиётҳои ҳарбӣ дар 40 кишвари дунё рух доданд. Дар майдонҳои ҷанг зиёда аз 110 миллион афсарону сарбозон сафарбар гардида, дар натиҷа беш аз 30%-и онҳо ба ҳалокат расиданд.
Қайд карда шуд, ки танҳо аз Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ҷанг 27 миллион афсарону сарбозон ва мардуми осоишта ҷону худро аз даст доданд. Зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Дар ин ҷанг аз Тоҷикистон, ки шумораи аҳолиаш ба 1,5 миллион нафар мерасид, 300 ҳазор нафар дар муҳорибаҳо иштирок намуда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд ва мутаассифона, 92 ҳазори он аз майдони ҷанг барнагаштанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 60 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон бо ордену медалҳо, аз ҷумла 54 нафар ба гирифтани унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ” ва 21 нафар ба ордени “Шараф” мушарраф гардидаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамагӣ 8 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.
Бояд зикр намуд, ки омӯзиши садоқату мардонагӣ ва шуҷоату қаҳрамониҳои иштирокчиёни ҷанг барои наврасону ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватан намунаи ибрат ва дастури зиндагист. Ҷанги Бузурги Ватанӣ бори дигар дӯстиву рафоқат ва муттаҳидии халқҳоро нишон дода, ба насли ҷавон ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, талошу ҷоннисориҳо баҳри пойдории сулҳу субот ва ҳимоят аз марзу буми кишварро омӯзонд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: “Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад”.
Маврид ба таъкид аст, ки Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нисбаташон пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардум фаромӯш намегардад. Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳон ва муноқишаҳои имрӯза ҳар яки моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, ба қадри сулҳу субот расида, баҳри мустаҳкам намудани ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва пешрафту шукуфоии ватани маҳбуб - Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю кӯшиши бештар намоем.
Боварӣ дорам, ки омӯзгорону кормандони ДДТТ дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавононро мақсаду мароми хеш қарор дода, кӯшишу ғайраташонро ба он равона менамоянд, ки корҳои ободонию созандагӣ ва тарғиботию ташвиқотиро минбаъд низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷашнҳои 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро сазовор истиқбол мегиранд.
Дар хотимаи суханрониаш Абдукарим Қурбонов бори дигар омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод гуфта, таманнои онро кард, ки дар саросари олам, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ ҳукмрон бошад.
Дар идомаи ҷамъомад дотсентон Зоир Султонов ва Абдураҳмон Ҳакимзода барои меҳнати пурсамар ва бенуқсон дар таълиму тарбияи ҷавонон ва Меҳрона Дагиева донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси маркетинг - ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” бо сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин якқатор омӯзгорон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон руҳу табъи аҳли толорро хушу болида гардонида, анҷомбахши ҷамъомад гардид.
























Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 