Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни арҷманд!
Шуморо бо 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми олмон, ки дар арафаи таҷлили бошукӯҳи он қарор дорем, самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳар кадоматон тани сиҳат, хотири ҷамъ, рӯзгори хушу босаодат ва дар фаъолияти меҳнатиатон барору комёбӣ ва дастовардҳои беназирро таманно дорам.
Мусаллам аст, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг - Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба ҳисоб рафта, ғалаба дар ин ҷанги хонумонсӯз барои тамоми мардуми олам, аз ҷумла мо - тоҷикистониён бузургтарин ғалабаи некӣ бар бадӣ дониста мешавад. Аз ин рӯ, ҳар қадар, ки аз ин ҳодисаи мудҳиш солҳои зиёд сипарӣ шавад, бузургӣ ва шаҳомати он ҳамон қадар зиёд мегардад.
Олмони фашистӣ 22-юми июни соли 1941 бо қувваи хеле зиёди афсару сарбоз ва аслиҳа бе эълони ҷанг, аҳдшиканона ба сарзамини Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум кард. Фашистони немис мехостанд, ки дар муддати ду моҳ қӯшунҳои Шуравиро шикаст дода, сарзамин ва мардуми онро зери итоати худ қарор диҳанд, вале муттаҳидӣ ва дӯстиву бародарии халқияту миллатҳои давлати Шуравӣ нияти нопоки онҳоро барбод дод.
Маҳз дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамзистӣ, сидқан дӯст доштани Ватан ва қадру арзиши зиёд доштани сулҳу субот буд, ки лашкари тавонои гитлерӣ шикаст хӯрда, ғалабаи комил ва саросарӣ ба мардуми Шуравӣ муяссар гардид.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки 1-уми сентябри соли 1939 сар шуда, 2-юми сентябри соли 1945 ба охир расид, 72 давлати ҷаҳон иштирок намуда, амалиётҳои ҳарбӣ дар 40 кишвари дунё рух доданд. Дар майдонҳои ҷанг зиёда аз 110 миллион афсарону сарбозон сафарбар гардида, дар натиҷа беш аз 30% -и онҳо ба ҳалокат расиданд.
Танҳо аз Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ҷанг қариб 27 миллион афсарону сарбозон ва мардуми осоишта ҷону худро аз даст доданд. Зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Тоҷикистон, ки аҳолии он дар оғози ҷанг 1,5 миллион нафарро ташкил медод, зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони худро ба ҷанг сафарбар намуд. Зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо дар майдони набардҳои хунин ҷони худро аз даст дода, қариб 40 ҳазор нафар беному нишон гардиданд.
Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷикистонӣ бо ордену медалҳо, 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ” ва 21 нафар ба ордени “Шараф” қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки омӯзиши садоқату мардонагӣ ва шуҷоату қаҳрамониҳои иштирокчиёни ҷанг барои наврасону ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватан намунаи ибрат ва дастури зиндагист.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ бори дигар дӯстиву рафоқат ва муттаҳидии халқҳоро нишон дода, ба насли ҷавон ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, талошу ҷоннисориҳо баҳри пойдории сулҳу субот ва ҳимоят аз марзу буми кишварро омӯзонд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: “Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад”.
Маврид ба таъкид аст, ки Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нисбаташон пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардум фаромӯш намегардад. Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳон ва муноқишаҳои имрӯза ҳар яки моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, ба қадри сулҳу субот расида, баҳри мустаҳкам намудани ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва пешрафту шукуфоии ватани маҳбуб - Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю кӯшиши бештар намоем.
Боварӣ дорам, ки омӯзгорону кормандони ДДТТ дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавононро мақсаду мароми хеш қарор дода, кӯшишу ғайраташонро ба он равона менамоянд, ки корҳои ободонию созандагӣ ва тарғиботию ташвиқотиро минбаъд низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷашнҳои 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро сазовор истиқбол мегиранд.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод гуфта, орзуманди онам, ки дар саросари олам, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ ҳукмрон бошад.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 