ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Бинанда: 40 | Санаи нашр: 11 Май 2026

Рӯзҳои 7 - 8 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии имсола 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, аз ҷумла донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуда, аз рӯйи 15 фанни таълимӣ донишу маҳорати худро санҷиданд.

Боиси хурсандист, ки донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250111- аудит ва ревизия Каримов Меҳршод Дилшодович аз фанни назарияи иқтисодӣ ҷойи сеюм ва донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 24010205 - ҳуқуқи гумрукӣ Шарифзода Тоҳир Шаъбон аз фанни ҳуқуқшиносӣ ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд.

Раёсат ва ҳайати омӯзгорони донишгоҳ Меҳршод Каримов ва Тоҳир Шаъбонро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, дар таҳсилу фаъолияти илмиашон комёбиҳо таманно менамоянд.

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top