Имрӯз (11.05.2026) дар кафедраи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт аз ҷониби сарпарасти донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 250112 - информатикаи иқтисодӣ Сурайё Қурбонова дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Ороиши дастурхони миллӣ ва аврупоӣ” гузаронида шуд.
Мақсади дарс ба донишҷӯён омӯзондани тарзи оростани дастурхони миллӣ ва аврупоӣ буд.
Дар ҷараёни дарс сарпарасти гурӯҳ ба донишҷӯён оид ба хӯрокҳои миллӣ ва аврупоӣ маълумот дода, тарзу усулҳои оростани дастурхони миллӣ ва аврупоиро омӯзонид. Донишҷӯдухтарон бо истифода аз меваҳои тару тоза тарзи дилкаш оростани дастархонро амалан намоиш доданд.
Сипас, байни донишҷӯён оид ба тарзу усулҳои гуногуни ороиши дастурхони миллӣ ва аврупоӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.







Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 