ШУРОИ НАВБАТИИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 33 | Санаи нашр: 11 Май 2026

8-уми майи соли 2026 дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шурои навбатии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Шуро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

 Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид шуд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифаҳои муҳим гузошта шудаанд. Аз ҷумла, татбиқи босамари барномаҳои давлатии рушди маориф, махсусан омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, тақвияти омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ҳамчун заминаи рушди иқтисоди инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии омӯзгорон ва кадрҳои баландихтисос, густариши равандҳои рақамисозии таҳсилот ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии ихтисосҳо бо мақсади мутобиқсозӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, иҷрои онҳо барои рушди устувори низоми таҳсилоти олӣ аҳаммияти калидӣ доранд.

 Зикр карда шуд, ки сифати таълим бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардида, натиҷаҳои илмӣ ва инноватсионии донишгоҳҳо дар рушди иқтисоди миллӣ нақши бештар дошта бошанд.

 Раиси Шурои ректорон, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Назарзода Хайрулло Холназар аҳаммияти масъалаҳои баррасишавандаро дар рушди низоми таҳсилоти олӣ таъкид кард.

 Дар идомаи ҷаласа рафти иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди таҳлил қарор гирифт. Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Асомиддинзода доир ба натиҷаҳои амалишавии барнома ҳисобот пешниҳод намуда, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдоштаро шарҳ дод.

 Ҳамзамон, масъалаи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» ва натиҷагирӣ аз марҳалаи миёнамуҳлати солҳои 2021–2025 баррасӣ гардид. Доир ба ин масъала ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ М. Сафарзода таҳлили муфассал пешниҳод намуда, зарурати тақвияти корҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба фанҳои дақиқро таъкид кард.

 Дар қисмати дигари ҷаласа ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров М. Набизода дар мавзуи «Мониторинг ва арзёбии сифати таълим дар асоси татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф» баромад намуда, зарурати ҷорӣ намудани низоми ягонаи арзёбии сифати таҳсилотро таъкид кард.

 Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои беҳтар намудани сифати таълим, таҳкими пойгоҳи илмӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top