ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ – МАЪРИФАТӢ

Бинанда: 15 | Санаи нашр: 14 Май 2026

13-уми майи соли 2026 дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ - маърифатӣ бахшида ба "Моҳвораи ҷавонон" баргузор гардид, ки дар он намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Набизода Фаррух, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ Асадуллозода Самиаъло ва мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Насим Боғиев иштирок намуданд.

          Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои дохилии хобгоҳ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

          Зимни суҳбат оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирии ҷавонон аз ҷониби давлат ва имкониятҳои мавҷуда барои донишҷӯён маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна андешаҳои ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ бовар накунанд.

          Дар фарҷоми чорабинӣ чанде аз донишҷӯёни фаъол бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top