15-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзуи “Ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии сотсиологияи замони муосир” бахшида ба ёдбуди профессори шодравон Одина Ғуломов баргузор гардид, ки дар он олимони соҳаҳои ҷомеашиносӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Конференсмяро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров оғоз намуда, иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ омӯзиши масъалаҳои сотсиологӣ аҳаммияти махсус пайдо намуда, таҳқиқи илмии онҳо барои рушди устувори ҷомеа ва таҳкими худшиносии иҷтимоӣ замина фароҳам меорад.
Мавсуф қайд намуд, ки профессор Одина Ғуломов аз ҷумлаи аввалин муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи сотсиология дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули мактаби илмии сотсиология, омодасозии кадрҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти иҷтимоӣ ва омӯзиши равандҳои ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст.
Сипас, дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтавои олимону коршиносони варзидаи зерин шунида ва баррасӣ карда шуданд:
- Неъмонов Ҷаъфар Мулкамонович, н.и.с., дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ дар мавзуи ”Саҳми олимони соҳа дар рушди илми сотсиологияи муосир”;
- Қурбонов Баҳром Раҳмонович, д.и.т., профессор, муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар мавзуи “Сотсиология ва дин”;
- Хуморов Додарбег Мирзораҳимович, н.и.ф., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ дар мавзуи “Сотсиологияи замони муосир ва саҳми он дар рушди муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа”;
- Ҳусейнов Бойалӣ Алиевич, н.и.п., дотсенти ДДТТ дар мавзуи “Одина Ғуломов - олим ва муҳаққиқи варзидаи илми сотсиология”.
Дар идомаи конференсия ҳамкорони профессор Одина Ғуломов - Абдурашид Мирзоалиев, Ҷамшед Машокиров, Муҳитдин Ҳамитов, Раҷабгул Зарипова ва фарзандонашон дар музокира иштирок намуда, аз хизматҳои шоистаи устод дар соҳаи илм ва омодакунии мутахассисон ёдовар шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров аз номи Кумитаи тадорукот ба маърӯзачиёну иштирокчиён барои иштироки фаъол ва саҳмгузорӣ ҷиҳати баргузории конференсия изҳори сипос намуд.












Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 