ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Бинанда: 7 | Санаи нашр: 20 Май 2026

          20-уми майи соли 2026 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи “Нақшаи баргузории чорабиниҳои адабию маърифатӣ, фарҳангиву сиёсӣ, иттилоотию тарғиботӣ, илмию инноватсионӣ ва мулоқот бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон чорабинӣ таҳти унвони “Як рӯзи ҷавонӣ дар донишгоҳ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

          Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Набизода Фаррух ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

          Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон бо шароити таълиму тарбия, раванди таълим, синфхонаю озмоишгоҳҳо, дастовардҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва варзишии донишгоҳ шинос шуданд.

          Нахуст, муовини якум, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Қурбонов Абдукарим Раҳимович чорабиниро оғоз намуда, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро бо “Рӯзи ҷавонон” самимона табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд “Ҷавонон – идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд”.

          Сипас, дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак суханронии пурмуҳтаво намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ҷавонон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбарият ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (16.12.2025) қайд намуданд, ки: “Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд”.

          Дар идомаи ҷамъомад якқатор омӯзгорон барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи илму маориф, саҳми назаррас дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, инчунин донишҷӯёне, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва дар “Ҳафтаи илм” ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, бо диплом, ифтихорномаю сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

          Дар фарҷоми чорабинӣ дастаи ҳунарии “Тоҷири Аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо барномаи омоданамудаи фарҳангӣ, ки аз савту суруд ва таронаҳои ба васфи Ватан, истиқлолият, ҷавонӣ бахшидашуда ва рақсҳои ҷаззобу дилнишин иборат буданд, хотири аҳли толорро болида гардониданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top