22-юми майи соли 2026 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии футбол дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамоиши бошукӯҳи ҷашнӣ таҳти унвони «Ҷавонон - бунёдкорони фардои Ватан» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолони ҳизбӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Дилшод Ғанӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст дар ҷараёни ҳамоиш суханронии муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом шунида шуда, аз дастовардҳои замони Истиқлол ва сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти ҷавонон, махсусан таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат ба ин қишри ҷомеа ва рушди зеҳниву тавонмандии онҳо андешаи муфид баён кард.
Сипас, Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ зимни суханронии худ ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии футбол табрик ва таҳният гуфта, иброз доштанд, ки ҷавонон неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа ҳастанд ва давлату Ҳукумат барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳсили илм, забономӯзӣ, касбандӯзиву азхудкунии илмҳои замони муосир ҳамеша тадбирҳои муҳим меандешад. Дар ин радиф, гуфта шуд, ки ҷавонони тоҷикро мебояд бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳим бошанд ва барои гулгулшукуфоии ҳар гӯшаву канори кишвар камари ҳиммат банданд.
Дар навбати худ муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб зимни суханронии худ қайд кард, ки мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи сиёсӣ ва ватандӯстии ҷавонон нақши муассир дошта, барои ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, ташаббусҳои созанда ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ роҳнамои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Дар рафти чорабинӣ, инчунин аз дастовардҳои муассисаҳои ҳудуди ноҳия гӯшаи махсус таъсис дода шуда, ҷавонону наврасон бозиҳои гуногуни варзиширо ба намоиш гузоштанд.
Ҳамзамон, дар фазои идонаи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ як қатор омӯзгорон ва ҷавонони фаъоли ноҳия ба сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуда, инчунин барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ дар мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия ғолибон ба туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи ҷолиб манзури ҳозирин гардонида шуда, қироати шеърҳо дар васфи Ватан, сурудҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун ба ҳамоиш ҳусни тоза бахшида, писанди хотири иштирокчиён гардид.

Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 