ФЕСТИВАЛИ БОШУКӮҲ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Бинанда: 21 | Санаи нашр: 26 Май 2026

Дар фестивали бошукӯҳи футбол, ки 25-уми майи соли 2026 ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

 Маврид ба зикр аст, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол (25-уми май) бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 майи соли 2024 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top