КОНФЕРЕНСИЯИ III БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ – АМАЛӢ

Бинанда: 14 | Санаи нашр: 29 Май 2026

29-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи пленарии Конференсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди бозори суғуртаи мамлакатҳои ИДМ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ” баргузор гардид.

          Конференсия бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи суғурта ташкил гардида, дар он олимону муҳаққиқон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ширкат варзиданд.

          Нахуст, модератори конференсия муовини ректори ДДТТ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров иштирокчиёнро бо барномаи конференсия шинос намуда, сухани табрикотиро ба ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар во гузошт.

          Хайрулло Холназар меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиши илмиро хайрамақдам гуфта, баргузории онро барои рушди бозори суғуртаи мамлакатҳои ИДМ, мубодилаи таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва амалӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки конференсияи мазкур соли сеюм аст, ки ба сифати минбари муҳимми мубодилаи таҷриба, баррасии масъалаҳои мубрами рушди бозори суғурта ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ хизмат менамояд.

          Дар кори конференсия Котиби якуми Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Зенко Алексей Петрович иштирок ва суханронӣ намуда, аҳаммияти рушди ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ ва нақши онҳо дар омодасозии мутахассисони рақобатпазирро махсус таъкид намуд.

          Сипас, тибқи барномаи конференсия олимон ва мутахассисони соҳа бо маърӯзаҳои зерин суханронӣ намуданд:

  • Писаренко Жанна Викторовна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идоракунии хавфҳо ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дар мавзуи «Ҳамгироии молиявӣ ва густариши экосистема: ду роҳ ба сӯи соҳибихтиёрии технологӣ дар бозорҳои молиявӣ. Таҷрибаи Чин ва Русия. Имкониятҳо барои Тоҷикистон»;
  • Улуғхоҷаева Хосият Рауфовна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Такмили механизми андоз дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт”;
  • Уразова Бакит Адилгереевна, муовини роҳбари Департаменти илм ва рақамикунонии Институти таҳсилот ва менеҷменти Донишгоҳи инноватсионӣ - технологии Қазоқистони Ғарбӣ дар мавзуи «Суғурта дар Қазоқистон дар шароити иқтисоди рақамӣ»;
  • Ҳайдаров Саидмухтор Ҷаъфарович, директори генералии ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии Меҳнат» дар мавзуи «Insurtech – ояндаи рушди бозори суғурта дар Тоҷикистон».

          Дар конференсия масъалаҳои муҳимми марбут ба рақамикунонии хизматрасониҳои суғуртавӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, такмили низоми андозбандӣ, омодасозии мутахассисони соҳа ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

          Гуфта шуд, ки рушди иқтисоди рақамӣ барои бозори суғурта имкониятҳои нав фароҳам оварда, зарурати мутобиқ намудани механизмҳои фаъолияти суғуртавӣ ба талаботи замонро ба миён меорад. Дар ин замина нақши муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ дар таҳқиқ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷуда хеле муҳим арзёбӣ гардид.

          Конференсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ бори дигар аҳаммияти ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ, сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусиро дар пешбурди равандҳои рақамикунонӣ ва рушди устувори бозори суғуртаи кишварҳои ИДМ таъкид намуда, онро ҳамчун майдони муҳимми муколамаи илмӣ ва касбӣ пазируфт.

          Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва идомаи мубодилаи таҷриба дар самти рушди бозори суғурта изҳор намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top