ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ҶОИЗАДОРИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНТЕРНЕТӢ ОИД БА ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ ГАРДИД

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 01 Июн 2026

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалии таҳсилотӣ тақвият дода, онро боз ҳам устувортар гардонида истодааст. Донишҷӯи донишгоҳ Фаррух Файзалиев дар “Олимпиадаи IV кушодаи байналмилалии интернетӣ оид ба иқтисоди ҷаҳонӣ”, ки дар Институти давлатии иқтисод ва идоракунии Туркманистон баргузор гардид, ба дастоварди назаррас ноил гардид.

Дар натиҷаи мусобиқаи зеҳнӣ, Фаррух Файзалиев бо нишон додани сатҳи баланди омодагии назариявӣ, тафаккури таҳлилӣ ва донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисоди ҷаҳонӣ сазовори Дипломи дараҷаи II гардид.

Ҳамчунин, барои омодасозии бомуваффақияти даста ва натиҷаҳои бадастовардаи иштирокчиёни олимпиада, роҳбари дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдуллозода Нурмуҳаммад бо Сипоснома аз ҷониби ташкилкунандагон қадрдонӣ карда шуд.

Иштирок ва дастовардҳои баланди намояндагони донишгоҳ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ шаҳодати сатҳи баланди омодагии мутахассисон, рушди иқтидори илмӣ-таълимии донишгоҳ ва баланд гардидани рақобатпазирии донишҷӯён дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Фаррух Файзалиев ва Абдуллозода Нурмуҳаммадро бо ин натиҷаҳои шоиста табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва касбӣ муваффақиятҳои минбаъда орзу менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top