5-уми июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист чорабинии фарҳангӣ - маърифатӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ масъалаҳои муҳимми ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити атроф ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд карда шуд, ки ҳифзи табиат ва таъмини амнияти экологӣ яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад ва ҳар як шаҳрванд бояд дар нигоҳдории муҳити зист саҳми арзандаи худро гузорад.
Иштирокчиён доир ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии фаъолияти инсон ба табиат, ҳифзи гуногунии биологӣ, истифодаи сарфакоронаи обу замин ва рушди фарҳанги экологӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҷалби ҷавонон ба корҳои экологӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии экологии онҳо барои рушди устувори ҷомеа аҳаммияти махсус дорад.
Чорабинӣ дар фазои дӯстона ва масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист баргузор гардида, иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳифз ва беҳдошти муҳити зист иброз намуданд.
Дар чорабинии мазкур Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо дастовардҳои илмии худ дар самти ҳифзи муҳити зист, иқтисоди сабз ва истифодаи самараноки энергияи барқароршаванда иштирок намуданд.


Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 