ХУШХАБАР! ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 17 Июл 2026

Имрӯз (17.07.2026) ду нафар омӯзгор - зани Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, иқтидори илмии донишгоҳро боз ҳам тақвият доданд:

  • Махсумзода Нигина Давлат, унвонҷӯи кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Шурои диссертатсионии 6D КОА – 061 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадӣ дар мавзуи “Саҳми Абубакри Розӣ дар инкишофи илмҳои табииётшиносӣ ва риёзӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯи ихтисоси 6.1.7. – Таърихи илм (таърих);
  • Наботзода Парниён Ҷумахон, унвонҷӯи кафедраи молия, фаъолияти бонкӣ ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Шурои диссертатсионии 6D КОА – 014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Ҷанбаҳои молиявии истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи иҷтимоӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050900 – Молия (6D050900 -Молия, муомилоти пулӣ ва қарз).

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Махсумзода Нигина Давлат ва Наботзода Парниён Ҷумахонро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нави илм комёбӣ таманно менамоянд!

 

РАЁСАТИ ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top