27-уми июли соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ва роҳбарияти донишгоҳу сохторҳои он нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, намояндагони васоити ахбори оммаи кишварро хайрамақдам гуфта, доир ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Ректори донишгоҳ, аз ҷумла қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: “Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.”
Воқеан ҳам, Ҳукумати мамлакат, ба хусус, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок ва калидӣ дониста, ба он пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамоянд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба роҳ монда, ҳайати профессорону омӯзгорон барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ба як қатор дастовардҳо ноил шудаанд.
Қайд карда шуд, ки донишгоҳ тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии кишвар қарор дорад.
Донишгоҳ дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, литсей, 3 факултет ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ мебошад.
Донишгоҳ аз рӯи 37 ихтисоси барномаи бакалавриат, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 13 ихтисоси барномаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва 7 ихтисоси барномаи таҳсилоти олии дуюми касбӣ мутахассисонро барои бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ тайёр мекунад.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар донишгоҳ 178 гурӯҳи академӣ, аз ҷумла 121 гурӯҳ дар омӯзиши рӯзона ва 57 гурӯҳ дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуд.
Таҳсил дар донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар омӯзиши рӯзона 94 гурӯҳи академӣ бо забони тоҷикӣ, 25 гурӯҳ бо забони русӣ ва 2 гурӯҳ бо забони англисӣ таҳсил менамоянд. Дар шуъбаи фосилавӣ бошад, 51 гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва 6 гурӯҳ бо забони русӣ таҳсил мекунанд.
Ҷамъи умумии донишҷӯёни донишгоҳ ба ҳолати 01.07.2026-ум 4359 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 2777 нафар дар омӯзиши рӯзона, 1582 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 56 нафар дар зинаи магистратура таҳсил мекунад. Шумораи духтарон дар донишгоҳ дар зинаи бакалавриат 708 нафар буда, ҳиссаи онҳо 16,2 %-ро ташкил медиҳад.
Соли 2026 донишгоҳро дар зинаи бакалавриат 738 нафар донишҷӯ хатм намуд, ки 19 нафари онҳо (аз ин 9 нафараш духтар) сазовори дипломи аъло гардиданд.
Донишгоҳ дорои 7 бинои таълимӣ, 142 синфхона бо 4722 ҷойи нишаст, 9 синфхонаи компютерӣ, 4 озмоишгоҳи таълимӣ, 1 адад синфхонаи лингафонӣ, китобхонаи илмӣ (бо теъдоди 87290 нусха китоб), 677 компютер, 145 проектор бо экран, 102 тахтаи электронӣ, 42 ноутбук, 82 принтер, 330 адад камераи назоратӣ ва 9 адад SMART TV буда, дар раванди таълим ҳамарӯза самаранок истифода бурда мешаванд.
Дар донишгоҳ 3 факултет мавҷуд буда, дар 13 кафедраи он 182 нафар омӯзгори доимӣ, аз ҷумла, 12 нафар доктори илм, 84 нафар номзади илм, 62 нафар муаллими калон ва 24 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ ҷалб гардидаанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор 52,7 фоизро ташкил медиҳад.
Назарзола Х.Х. афзуд, ки дар донишгоҳ 1 нафар дорандаи медали Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 1 нафар соҳиби медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 1 нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 65 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 53 нафар Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд.
Тибқи нақшаи чопи маводҳои таълимию методӣ дар нимсолаи аввали соли 2026-ум 12 воситаи таълимӣ, 2 адад дастури методӣ, 15 адад комплекси таълимӣ-методӣ ва 4 адад китоби дарсӣ, дар маҷмуъ 33 мавод нашр гардидааст.
Бо мақсади баланд бардоштани раванди таълим ва фаъолгардонии донишҷӯён дар нимсолаи якуми соли 2026-ум 46 маротиба мизи мудаввару семинарҳои омӯзишӣ ва викторина, инчунин, 118 дарси намунавии таълимӣ гузаронида шуданд.
Донишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омода намудани мутахассисон робитаро бо истеҳсолот хуб ба роҳ мондааст. Дар ин самт 5 филиали кафедраҳои тахассусии донишгоҳ дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо фаъолият карда истодаанд.
Иҷроиши нақшаи қабул ба донишгоҳ барои соли таҳсили 2026-2027 дар давраи аввали тақсимоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз санаи 25.07.2026) 1723 нафарро ташкил медиҳад.
Дар донишгоҳ барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фаъолгардонии донишҷӯён давраҳои якум ва дуюми олимпиадаҳо ва озмунҳо бо иштироки шумораи зиёди донишҷӯён гузаронида шуданд, ки натиҷаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос карда шуданд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар даври ниҳоии озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳайати илмию омӯзгории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2021–2026 аз рӯи 5 самт, 20 мавзуъ ва 382 зермавзуъ таҳқиқоти илмӣ ба анҷом расонданд. Дар соли ҷорӣ тибқи нақша омодасозии 23 диссертатсия, аз ҷумла 4 докторӣ ва 19 номзадӣ (PhD) пешбинӣ шудааст. То имрӯз 6 нафар рисолаҳои илмии худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд, ки 26,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Барои 3 нафари дигар санаи ҳимоя аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст, ки дар маҷмӯъ иҷрои нақша ба 39,1 фоиз мерасад. Ҳамзамон, 20 нафар унвонҷӯ марҳалаи пешдифои рисолаҳои худро анҷом додаанд, ки 87 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад.
Дар донишгоҳ имрӯз аз 182 нафар профессору омӯзгор 96 нафар, ё 52,7 фоиз, дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд. Дар сурати иҷрои пурраи нақшаи соли 2026 ва ҳимояи 19 рисолаи номзадӣ, шумораи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта ба 115 нафар расида, ҳиссаи онҳо ба 63,2 фоиз мерасад.
Дар доираи баргузории чорабиниҳои илмӣ, рӯзҳои 4–6 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии илмӣ Regional Science Association International (RSAI) Форуми IV байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 260202-маркетинг Меҳрона Дагиева дар бахши фанҳои иқтисодӣ аз рӯи номинатсияи “Иқтисодиёт” сазовори ҷойи якум гардид.
Донишҷӯи дигари донишгоҳ Фаррух Файзалиев дар “Олимпиадаи IV кушодаи байналмилалии интернетӣ оид ба иқтисоди ҷаҳонӣ”, ки дар Институти давлатии иқтисод ва идоракунии Туркманистон баргузор шуд, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Олимпиадаи IV Байналмилалии фосилавии донишҷӯён таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувори СММ ҳамчун чолишҳо ва самтҳои нави менеҷменти муосир», ки дар Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагин ва Институти менеҷмент ва бизнеси ба номи А.А. Асановаи Ҷумҳурии Қирғизистон гузаронида шуд, сазовори ҷойи аввал ва Дипломи дараҷаи 1-ум гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 5 курси ройгони омӯзишӣ (асосҳои кор бо компютер; забони англисӣ; тарроҳ-дӯзанда; баҳисобгирии бухгалтерӣ; андоз ва андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) ташкил карда шуд.
Дар маҷмуъ, дар нимсолаи якуми соли 2026 дар донишгоҳ 40 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, конференсияҳои донишгоҳию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, семинару мастер - классҳо бо иштироки мутахассисони хориҷӣ, мизи мудаввару форуми байналмилалӣ ва курсҳои онлайнии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин давра аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 3 монография, 41 мақола дар маҷаллаҳои КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 108 фишурдаи мақолаҳо ва 110 мақола дар дигар маҷаллаҳо ба нашр расонида шуд.
Ин нишондиҳанда аз таҳкими иқтидори илмии донишгоҳ ва сиёсати пайгиронаи роҳбарият ҷиҳати омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ шаҳодат медиҳад.
Дар доираи татбиқи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, 13 марти соли 2026 ректори донишгоҳ, раиси Шурои ректорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайрулло Назарзода дар Форуми сеюми ректорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, дар доираи он бо як қатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки онҳо барои рушди барномаҳои муштараки таълимӣ, таҳқиқоти илмӣ, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Дар идомаи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, 16-17 июни соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрии вазирони маориф ва ректорони донишгоҳҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид. Дар доираи форум Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳимми байналмилалии донишгоҳ дар соли 2026 ба ҳисоб меравад. Дар кори форум ректори ДДТТ Назарзода Х.Х. иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамчунин, намояндагони донишгоҳ дар Форуми олимони ҷавони СҲШ ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ натиҷаҳои таҳқиқоти худро муаррифӣ карданд.
Қайд карда шуд, ки айни замон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо зиёда аз 60 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки аз ин шумора 13 созишномаи нав дар давраи ҳисоботӣ ба имзо расонида шудааст. Ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Испания, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Туркия, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Хитой, Олмон, Италия ва дигар кишварҳо густариш ёфта, барои татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, илмӣ ва табодули академӣ, инчунин баланд бардоштани сифати таҳсил ва такмили ихтисоси омӯзгорону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Табодули академии омӯзгорон яке аз самтҳои муҳимми рушди касбият ва такмили малакаи омӯзгорону кормандони ДДТТ ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳисоботӣ 27 нафар омӯзгор ва корманди донишгоҳ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалӣ ба донишгоҳҳои шарики хориҷӣ сафар намуда, дар семинарҳо, тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос иштирок карданд. Аз ҷумла, дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо «Эрасмус+» (лоиҳаи «BlockChain») онҳо дар Донишгоҳи Билефелди Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Донишгоҳи Сантяго-де-Компостелаи Шоҳигарии Испания аз омӯзиш гузашта, пас аз бозгашт таҷрибаи андӯхтаро дар такмили барномаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим мавриди истифода қарор доданд.
Илова бар ин, донишгоҳ рушди табодули академии донишҷӯёнро низ тақвият бахшид. Дар нимсолаи дуюми соли 2026 се нафар донишҷӯ барои таҳсил ба Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея сафарбар гардида, ду нафари дигар ҳуқуқи таҳсилро дар донишгоҳҳои Виго ва Кадиси Шоҳигарии Испания ба даст оварданд.
Алҳол дар баробари татбиқи лоиҳаҳои таълимӣ, донишгоҳ фаъолияти худро дар самти ҷалби лоиҳаҳои нави байналмилалии илмӣ густариш дода, ҳамкориҳоро дар доираи барномаи «Horizon Europe» низ тақвият мебахшад. Айни замон ДДТТ ҳамчун шарик дар лоиҳаҳои байналмилалии MOCCA (Multilevel Orders of Corruption in Central Asia) ва POLCA (The Political Economy of Legal and Governance Reform in Non-Western Societies: Insights from Central Asia) инчунин лоиҳаи CirculEC аз ҷониби барномаи Erasmus+ иштироки фаъолона дошта, онҳоро барои рушди иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ, байналмилалигардонии таҳсилот ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ истифода мебарад. Лоиҳаҳо ба омӯзгорон ва муҳаққиқон имкони иштирок дар таҳқиқот ва чорабиниҳои байналмилалиро фароҳам меоранд.
Дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо алҳол профессори донишгоҳ Қодирова З.Ҳ. ва ду нафар мутахассиси дигар барои сафари омӯзишӣ дар Донишгоҳи Мармара (Ҷумҳурии Туркия), муовини ректор Машокиров Ҷ.Н. дар Ҷумҳурии Туркия ва дотсент Исматуллоев И. дар Донишгоҳи Лунд (Шветсия) барои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ сафарбар гардидаанд.
Аз моҳи январи соли 2026 донишгоҳ ба татбиқи лоиҳаи байналмилалии POLCA, ки аз ҷониби барномаи «Horizon Europe» маблағгузорӣ мегардад, оғоз намудааст.
Татбиқи лоиҳаҳои амалӣ яке аз самтҳои асосии рушди донишгоҳ шуморида мешавад. Аз ҷумла, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди «иқтисоди сабз» ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, дар донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватанӣ ва собиқ хатмкардагон 6 неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори умумии 72 кВт сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Татбиқи ин лоиҳаҳо ба баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, истифодаи технологияҳои муосир, коҳиши масрафи неруи барқ ва фароҳам овардани муҳити устувори таълимӣ мусоидат намуда, саҳми донишгоҳро дар татбиқи сиёсати «иқтисоди сабз» тақвият мебахшад.
Раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ фаъолияти хешро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи миллии тарбия ба роҳ мондааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ва дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон роҳандозӣ гардида, ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар падидаҳои номатлуб равона карда шуданд.
Бо мақсади татбиқи самараноки нақшаи чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, ҷамъиятӣ ва варзишӣ, аз ҷониби масъулин тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, иштироки фаъолонаи донишҷӯёну кормандон дар чорабиниҳо таъмин гардид.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар донишгоҳ 86 чорабинӣ дар самти кор бо ҷавонон, 27 чорабинӣ дар бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон, 11 чорабинии варзишӣ ва 16 чорабинӣ дар хобгоҳи донишҷӯён, дар умум 140 чорабинии донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ташкил ва гузаронида шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати машғулиятҳои тарбиявӣ ва такмили маҳорати касбии сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, мунтазам аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба дар факултетҳо дарсҳои кушоди тарбиявӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд. Тибқи нақшаи баргузории дарсҳои сарпарастӣ ва ҷадвали тасдиқгардида, дар нимсолаи аввали соли 2026 дар гурӯҳҳои академӣ 41 дарси намунавии сарпарастӣ гузаронида шуд. Зимни ин машғулиятҳо ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ахлоқи ҳамида, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дигар самтҳои муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон, роҳбарияти донишгоҳ ба масъалаи ҳифз ва тарғиби фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ миёни омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бо ин мақсад дар донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии ройгони «Кадбону», «Гулдӯзии чакан», «Пешхизмат» ва «Дӯзандагӣ» ташкил ва роҳандозӣ гардидаанд. Ин курсҳо ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди маҳорати касбӣ ва таҳкими эҳсоси ифтихор аз фарҳангу суннатҳои миллӣ мусоидат менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» иштироки фаъолона намуда, бо нишон додани сатҳи баланди дониш, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати эҷодӣ ба давраҳои минбаъдаи озмунҳо роҳ ёфтанд.
Ин ва дигар дастовардҳо аз самаранокии корҳои таълимиву тарбиявӣ ва рушди иқтидори илмии донишгоҳ шаҳодат медиҳанд.
Умуман, ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ нимсолаи якуми соли 2026-ро бо дастовезҳои хуби таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ ва фарҳангию тарбиявӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки дар соли таҳсили нав ба комёбиҳои боз ҳам хубтар ноил гарданд.
Пас аз суханронии ректори донишгоҳ намояндагони васоити ахбори омма, ки 48 нафарро ташкил медоданд, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, бахусус самтҳои марбут ба соҳаи таълиму тарбия, илму инноватсия, ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи илм дар истеҳсолот саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 