ДАР БОҒИ УСТОД РӮДАКӢ БАРНОМАИ БОШУКӮҲИ ФАРҲАНГИЮ МАЪРИФАТИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Бинанда: 20 | Санаи нашр: 05 Август 2026

4 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Рӯдакӣ бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин сокинон ва меҳмонони пойтахт фаъолона иштирок намуда, фазои идонаро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷилои тоза бахшиданд.

Барномаи фарҳангӣ бо садо додани сурудҳои ватандӯстона, қироати шеърҳои тараннумгари Ватан ва намоиши саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ оғоз гардида, иштирокдорон аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ёдовар шуданд. Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди устувори кишвар, таҳкими давлатдорӣ, пешрафти илму маориф ва болоравии сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Зеботарин бахши чорабинӣ ҳунарнамоии дастаи ҳунарии «Тоҷири Аҷам»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буд. Ҳунармандони ҷавони донишгоҳ бо пешниҳоди сурудҳои дилнишин, рақсҳои миллӣ ва барномаҳои рангини консертӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро болида гардонида, бо ҳунари волои худ фазои воқеан идонаву хотирмонро ба вуҷуд оварданд. Ҳунарнамоии даста аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол гирифта шуд.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён аз фазои дилангези Боғи Устод Рӯдакӣ баҳравар гардида, дар муҳити фарҳангиву дӯстона сайругашт намуданд. Ин иқдом ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани маърифати шаҳрвандӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва фарҳанги миллӣ, инчунин таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни омӯзгорон, донишҷӯён ва ҷомеа мусоидат намуд.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи давлату Ҳукумат барои тарбияи насли худогоҳу ватандӯст, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аҳаммияти хос дорад.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои муҳими давлатӣ чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатиро пайваста баргузор хоҳад намуд.

 

Тоҷикистон – Ватани маҳбуби мост!

35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top